Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои ориёӣ, бахусус мардумони форсизабонон ин ҷашни Наврӯз аст. Бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Озарбайҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 19 феврали соли 2010 – ум қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он, 21 – уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз – ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихӣ Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннати фарҳанги маънавӣ барои миллати тоҷик фахри бузург аст.
Наврӯз – ҷойи вохурӣ ва муносибати мардум, ҷойе, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати зебоӣ мебаранд, аз гузаштагон ёдоварӣ менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.
Бигузор, ин ҷашни қадимаву ҳамешаҷавон барои мардуми мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори нек, файзу баракот ва ба олам сулҳу салоҳ биорад!

Бо эҳтиром Ташкилоти Ҷамъиятии “Даҳр”.

By admin

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *